logo

туризм

РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ  мусоидат намуданд.

Ин матлабро зимни суҳбати гирди мизи “Нақши Пешвои миллат дар рушди бахши сайёҳӣ”, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии  “Кохи афсарон” бахшида ба Рӯзи Президент  баргузор гардид, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт.
Зикр гашт, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи  Сарвари давлат Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии туризм заминаҳои воқеӣ гузошта  шуд.
Тӯли солҳои охир як қатор ислоҳоти муҳим дар бахши сайёҳӣ амалӣ шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, махсусан дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 дарсад коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид.
Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат як қатор иншооти бузурги инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла Маҷмааи сайёҳию лижаронии «Сафеддара», истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Пули сангин», маҷмааи «СПА Ҳаёт», меҳмонхонаҳои бренди ҷаҳонии панҷ ситорадор, марказҳои сайёҳӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию саёҳатӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бо назардошти захираҳои бузурги сайёҳии кишвар бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар соҳаи сайёҳӣ марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ мубаддал гашта, барои ҷалби сармоя, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2017    №: 243    Мутолиа карданд: 1938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед