logo

мулоқотҳо

Ташрифи Алонсо Фулгам ба ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нию Йорк маъмури Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба  рушди байналмилалӣ (USAID) Алонсо Фулгамро ба ҳузур пазируфт.

Сардори давлат Эмомалӣ  Раҳмон ба ин муассисаи бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз соли 1992 ин ҷониб бо кишвари мо ҳамкории судманд дорад, барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва кӯмакҳои зиёди башардӯстонааш арзи сипос намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бартарафсозии мушкилоти сунъии минтақаи Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номид.
Алонсо Фулгам ба ислоҳоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтарнамоии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар мамлакат амалӣ мегардад, баҳои баланд дода, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба 10 – гонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. ӯ ҳамчунин ба тадбирҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд дод.
Алонсо Фулгам изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба  рушди байналмилалӣ омода аст, ба татбиқи амалии лоиҳаҳои  инфрасохтории Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии он ва баҳри бунёди бозори нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ.
Алонсо Фулгам ҳамчунин изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба  рушди байналмилалӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон баҳри маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, обтаъминкунӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, идомаи демократикунонии ҷомеа ва ғайра давом хоҳад дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1882
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед