ҳуқуқ
НИГАРОНӢ. ЧАРО ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ МЕГУЗОРЕМ?
Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи вижаи корӣ, бо мақсади ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас, дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои мақсаднок гузаронданд.
Бар пояи иттилои ин ниҳод, 27 ноябр, дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ, кормандони милитсия дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии «Патриот», «Гугул» ва «AMG» як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро, ки ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, боздошт ва ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварданд. Зимни баргузории ин чорабинии мақсаднок, инчунин, чанд донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба дарсҳо иштирок накарда, дар марказҳои интернетӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул буданд, боздошт шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин тадбир, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ гардида, ҳолатҳои зиёди риоя нагаштани талаботи қонунро ошкор намуд. Муайян гардид, ноболиғони беназоратмонда дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан бозиҳои компютерӣ, ки боиси афзоиши кирдорҳои бадахлоқона мегардад, машғул мешаванд. Нисбат ба волидони ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинӣ боздошт гардиданд, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи кишвар чораҳои муассир андешида шуданд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2017 №: 245 Мутолиа карданд: 1347