ҳуқуқ
ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ФАЗОИ ЭМИН АЗ ФАСОД
Пешгирӣ, ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва шахсони алоҳида, ки ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта даст мезананд, самти асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин росто фаъолияти босамар дорад.
Наврӯззода Азамат Имомқул, сардори ин раёсат дар ВМКБ, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома зикр кард, ки бо вуҷуди пурзӯр намудани мубориза бо ин вабои аср, ҳанӯз дар вилоят ҳодисаҳои содир шудани онҳо на танҳо кам нашудааст, балки дар мавридҳои алоҳида рӯ ба афзоиш дорад. Соли 2017 аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявӣ бо мақсади ошкор намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва коррупсионӣ 57 тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ ба анҷом расидааст.
Дар рафти тафтишу санҷишҳо дар идораву муассисаҳои вилоят ба маблағи 4 миллиону 394 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, қариб ба 700 ҳазор сомонӣ харҷҳои ғайриқонунии моливу пулӣ роҳ дода, 1 миллиону 583 ҳазор сомонӣ воситаҳои пуливу молӣ тасарруф шудааст. Аз зарарҳои молиявии ошкоргардида бештар аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ рӯёнда шуда, 1,6 миллион сомонӣ ба Буҷети давлат ва 717 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби худи корхонаву ташкилотҳо барқарор гардид.
Ҷиҳати чораҷӯӣ ва баррасӣ намудани маводи тафтишӣ 33 – тои он бо маблағи умумии зарари молиявии бештар аз 3 миллиону 189 ҳазор сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд. Ҳамчунин, дар ҷараёни тафтишу санҷишҳо дар муассисаҳои вилоят ба андозаи 1 миллиону 396 ҳазор сомонӣ ҳодисаҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ошкор гардиданд.
Наврӯззода Азамат афзуд, ки таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон медиҳад, ки дар вилоят дар нуҳмоҳа 156 адад ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Аз ҷониби бахши тафтишотии раёсат 33 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул гардида, 33 парванда аз ҷониби худи муфаттишони раёсат оғоз шудааст. Маблағи зарари маводи парвандаҳои ҷиноятӣ ва маводи аз оғози парвандаи ҷиноятӣ радкардашуда бештар аз 1 миллиону 121 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар ҷараёни тафтишот аз он бештар аз 294 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Дар самти пешгирии коррупсия низ раёсат фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин давра аз ҷониби кормандон 31 адад ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба қайд гирифта шуд. Ин ҳуқуқвайронкунандагон тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи 34400 сомонӣ ҷарима татбиқ ва аз он 27200 сомонӣ аллакай ба буҷет ворид гардид.
Ҷараёни иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалъа, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар онҳо ва идораву муассисаҳо санҷида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоркардашуда ба унвони масъулон 34 дастури хаттӣ ирсол гардид, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 6 нафар вайронкунандагони қонун аз вазифа озод ва 54 нафар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2017 №: 245 Мутолиа карданд: 1426