порлумон
ПАРДОХТИ ЭЛЕКТРОНИИ РОҲКИРО. БА ДОНИШҶӮЁН НИЗ ИМТИЁЗ ДОДА МЕШАВАД
«Дар соли 2017 таҷҳизоти зарурии барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шавад».
Ин илова дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз ҷониби вакилон ба тасвиб расид.
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи мазкур, аз ҷумла иброз дошт, ки он ба вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баргузор гардида буд, асос ёфта, дар заминаи он тибқи банди 23 - и нақшаи чорабиниҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ё хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои пойтахт чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Мақомоти мазкур дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Авесто - гурӯҳ» марҳалаи аввали татбиқи лоиҳаро ба итмом расондааст, ки дар доираи он 70 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла валигатор ворид гардида, дар 58 автобусу троллейбус насб карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2017 барои дигар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт 930 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 250 адад барои автобусу троллейбус ва 680 адад барои микроавтобусҳо ворид намояд.
Дар доираи амалигардонии лоиҳаи қонун кортҳои пардохтҳои электронии роҳкироӣ ба чанд гурӯҳ тақсим гардида, дар заминаи он кортҳои имтиёзнок барои донишҷӯён, хизматчиён, инчунин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёздор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда тақсим мешавад.
Назар ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, хароҷоти умумии маблағи хариди таҷҳизоти воридшаванда 18 миллиону 172 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин нишондиҳанда андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ 4 миллиону 343 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2017 №: 245 Мутолиа карданд: 2695