ҳуқуқ
ЗАМИН БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДОДА ШУДААСТ
Вокуниш ба мақолаи "Аз заминамон маҳрум сохтанд"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон матлаби Авзалмо Хоҷаева - роҳбари хоҷагии деҳқонии «Комрон» - и Ҷамоати деҳоти Чоргулро бо ин ном, ки 31 августи соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Комрон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 737 ба ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронда, бо хулосаи комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шуд.
Амирбеки ТЕМУР, раиси ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2017 №: 245 Мутолиа карданд: 1442