ҳуқуқ
САРҲАДИ ДАВЛАТӢ. УБУРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПЕШГИРӢ ШУД
Дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии № 2 - и «Баҳорак» - и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) 2 декабри соли 2017, соати 1910 убури ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.
Тавре аз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, марзшиканони мусаллаҳ ба огоҳии сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, аз силоҳи дар ихтиёр доштаашон ҷониби онҳо оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт ҳалок гардид. Ҳамчунин, чор нафар сарҳадбони қисми мазкур ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонда шуд. Ба боқимондаи онҳо муяссар гардид, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати тамғаи Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи қувваҳои иловагии кумакрасон чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқбарони афғон идома доранд.
Ба сарҳадчиёни маҷрӯҳшуда хизматрасонии зарурии тиббӣ таъмин карда шудааст. Вазъи саломатии онҳо миёнаи муътадил гуфта мешавад.
Дар иртибот ба ин қазия Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супурд ва бо исрор талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби Афғонистон ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорон иқдом намоянд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2017 №: 247 Мутолиа карданд: 1424