туризм
ТАЪСИСИ ПОРТАЛИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ
Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати таблиғи имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ портали миллии сайёҳӣ таҳия гардид.
Ин нуктаро Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси кумита, зимни муаррифии портали миллӣ бо иштироки коршиносони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва васоити ахбори омма иброз дошт.
Зикр шуд, ки портали миллии сайёҳии кишвар бо суроғаи www.traveltajikistan.tj ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, оид ба захираҳои сайёҳӣ ва қоидаҳои будубоши сайёҳон дар кишвар манбаи боэътимоди дарёфти маълумот ба ҳисоб меравад. Баъдан, дар портал ба забонҳои арабӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва испанӣ низ маълумотҳо пешниҳод мешаванд.
Кумита суроғаи портали миллии сайёҳиро ба Созмони ҷаҳонии туризм бо мақсади аз ҷониби он ба 158 давлати узви созмон, 509 ассотсиатсияву созмонҳои байналмилалии узви вобастаи СҶТ ва ҳамаи муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид расман муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
Ин иқдом барои рушди соҳа ва таъмини босуботи дастёбии Тоҷикистон ба бозори сайёҳии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.12.2017 №: 247 Мутолиа карданд: 1663