ҳуқуқ
СУҒД. ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМ
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардид.
Дар ҷамъомад ҳолати иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020», ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» дар қисмати пешбурди парвандаҳои кофтуковӣ нисбат ба шахсони ҷиноятҳои хусусияти террористӣ - экстремистӣ содирнамуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов дар ифтитоҳи ҷаласаи шӯро қайд кард, ки «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020», ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Гуфта шуд, ки санҷишҳо ва ҷамъбасти амалишавии Стратегияи миллӣ як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз қабили дастрас нашудани Стратегияи миллӣ ба мақомоти поёнии ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар навбати худ дастрас накардани нақшаи дохилиидоравӣ ба шуъбаву бахшҳои дахлдор ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ва аз ҳама асосиаш ба таври зарурӣ иҷро нагардидани талаботи Стратегияи миллӣ аз ҷониби масъулон мебошад.
Сипас, вобаста ба ин масъала гузориши сардори шуъбаи муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд, Тавакал Файзуллозода шунида шуд.
Қайд гардид, ки иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла дар самти гузарондани семинар - тренингҳо оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм, ташкили барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои экстремизм ва терроризм, ҷиҳати ба Ватан баргардондани ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати динии имомхатибон ва ғайра ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз натиҷаи муҳокимаи масъала қарори дахлдор қабул шуда, масъулон муваззаф шуданд, ки ба иҷрои Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалҳо доир ба амалишавии он ҷиддӣ муносибат намуда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2017 №: 248 Мутолиа карданд: 1480