номаҳо
МО АЗ ВАТАНИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!
Ман чун як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон кишвари маҳбуби худро баробари имрӯз гуворову шукуфо ва ободу осуда буданаш, боз ҳам дурахшону пешрафта эҳсос менамоям. Ҳар як иқдом ва нақшаҳои бунёдии кишварамон, ки бо ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯйи кор меоянд, ҳар сокини диёри арҷмандамонро ифтихормандӣ, болидагӣ ва дилпурӣ мебахшанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои зиёд ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд. Амали ҳамаи онҳо дар беҳбуди ҳаёти мардумони мо нақши басо зиёд гузоштанд, аз ҷумла ду қонуни миллии мо – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
Бояд зикр бикунам, ки ҳамчун дӯстдори табиату мардуми кишвар ҳар сол дар як ва ё ду шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азиз ба сафар мебароям, ба манзараҳои зебо, ҷараёни обҳои мусаффо ва рӯзгорони мардум шинос мешавам, бо ҳамсолони худ суҳбат мекунам. Аз ҷумла, ба ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз қариб, ки ҳар сол меравам. Ба Гармчашма низ меравам, он ҷо табобат ҳам мегирам.
Мардуми соҳибистиқлоли кишварамон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона намуда истодаанд, ки иқтидори мудофиавӣ ва иқтисодии мамлакатамон боз ҳам пурқувваттар гашта, Ватани азизамон дар радифи мамлакатҳои пешрафтаву мутараққӣ ҷой бигирад.
Бори дигар зикр менамоям, ки ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватани ободу озод ва шукуфо, аз ин миллати фарҳангсолор ва тамаддуни ҷаҳонӣ менамоем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва фазои орому осоиштаи комил умр ба сар мебарам, бо як ҷаҳони пурнишот зиндагӣ мекунам, аз неъматҳои бузурги Ватани аҷдодиамон баҳраманд мегардам.
Баҳром Алӣ АҲМАДЗОДА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.12.2017 №: 248 Мутолиа карданд: 1834