ҳуқуқ
ҚАЛЛОБӢ. СУД БОЗ ДУ НАФАРРО ГУНАҲГОР ДОНИСТ
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду сокини вилояти Хатлон - Сулаймон Қурбонов ва Диловар Наимовро барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ айбдор намуда, дар ҳаҷми калон ҷарима таъйин кард.
Тафтишот муайян кард, ки Сулаймон Қурбонов ҳангоми дар вазифаи сержанти калони милитсияи ШКД дар ноҳияи Фирдавсӣ кор карданаш 12 апрели соли ҷорӣ бо ҳамкораш капитани милитсия Диловар Наимов маслиҳат карда, барои аз имтиҳони курси ронандагӣ гузарондани шаҳрванд Беҳрӯз Убайдов нақшаи бо роҳи фиреб, яъне бо суистифодаи боварӣ азхуднамудани маблағҳои пулиро тарҳрезӣ менамоянд. Баъди гирифтану байни худ тақсим кардани маблағи 4000 сомонӣ Беҳрӯз Убайдовро аз имтиҳони ронандагӣ гузаронда, шаҳодатномаи ронандагиашро дастрас мекунанд.
Сипас, Диловар Наимов дастгир шуда, аз дохили автомашинааш маблағи 4000 сомонӣ бо ҳуҷҷатҳои хатми курси ронандагии шаҳрванд Беҳрӯз Убайдов ҳамчун далели шайъӣ ёфта шуд.
Суд баъди баррасии парванда Сулаймон Қурбонов ва Диловар Наимовро бар пояи моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г,» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист. Нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 10 000 сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 1 сол таъйин карда шуд.
Раъно ИСКАНДАРЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2017 №: 249 Мутолиа карданд: 1382