ҳуқуқ
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, 5 декабри соли ҷорӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Суҳроб Шоев, ҳамоҳангсози барномаҳои миллии раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ дар мавзӯи мавриди назар, суханронӣ карданд.
Ба андешаи Таҳмина Ҷӯраева, муовини директори марказ оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон - ҳуҷҷати муҳими асри XX, ки дар он ҳуқуқҳои ҷудонопазири хосси ҳар як инсон эълон шудааст, тавонист сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро гунҷонад. Санади мазкур агарчӣ хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дорои эътибори волои ҳуқуқист. Дар асоси он чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардида, муқаррароти қонунҳои миллӣ ба онҳо мутобиқ шудаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки дар ин самт чорабиниҳои мухталиф дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронда хоҳад шуд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2017 №: 249 Мутолиа карданд: 1293