порлумон
ҚОИДАҲОИ ЗИДДИ СӮХТОР. АЗ ЭҲТИЁТ КОР БИГИРЕМ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Тибқи ин тағйирот минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардид.
Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳа иброз намуд, ки он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани духӯрагӣ, такроршавии меъёрҳо ва татбиқи дурусти меъёрҳои кодекси мазкур пешниҳод гардидааст.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2, моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, айнан барои ҳамин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, барои як кирдор ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар кишвар таҷрибаи ягона вуҷуд надорад. Чунончи дар давоми солҳои 2016 ва панҷ моҳи 2015 бо қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Айнан, вобаста ба ҳамин кирдор бо қисми 2, моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 176 парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз гардидааст.
Бо назардошти чунин ҳолатҳо ва бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шахсе, ки ба зиммааш риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузошта шудааст, моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардидааст.
Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2017 №: 249 Мутолиа карданд: 3143