маориф
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОНИ ХУШТОЛЕИ ТОҶИК
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисони баландихтисос на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ чораҷӯиҳо карда, ҳар сол тавассути квота ва шартномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳои зиёд фароҳам меоранд. Ман низ яке аз он ҷавонони хуштолеъ ҳастам, ки дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ таҳсил мекунам.
Муассисаи мазкур чанде пеш ба рӯйхати 10 беҳтарин донишгоҳи кишварҳои рӯ ба рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ (EECA – Emerging Europe & Central Asia) шомил шуд. Ин ҷо 18 ҳазор донишҷӯ ва магистр аз манотиқи гуногуни дунё дар риштаҳои мухталифи илм таълим мегирад.
Мо – донишҷӯёни тоҷик тавассути шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори омма аз дастоварду муваффақиятҳои тоҷикону тоҷикистониёни дохилу хориҷи кишвар огоҳӣ ёфта, хушҳол мешавем. Давтовардҳои онҳо моро низ ба ҷустуҷӯ ва илмомӯзӣ таҳрики бештар мебахшанд.
Асри илму техника имкон фароҳам овардааст, ки мероси гузаштагони халқи тоҷик бештар муаррифӣ шавад. Фарзандонаш ба чор сӯи олам роҳ кушода, паём мерасонанд. Дар Аврупову Амрико ва ё дар Қафқозу қаламрави Арабистон тоҷиконро мешиносанд, эътироф мекунанд, ки меросбари осори гаронмояи Хайёму Мавлоно ва Ҳофизу Саъдианд. Пажӯҳишгарону таърихнигорон решаҳои тоҷики ориётаборро меҷӯянду меомӯзанд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо соли ҷорӣ дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид гузошта шудани Маҷмааи пайкараҳои Сино, Хайём, Закариёи Розӣ ва Ал - Форобӣ, дар Астрахани Русия гузошта шудани нимпайкараи Хайём, дар Амрико доир ба рӯзгор ва осори Мавлоно ба навор гирифтани филм ва дигар пайғомҳои неканд, ки, албатта, фараҳбахшанд. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон дар радифи қадимтарин мардуми Осиёи Марказӣ қарор гирифта, собиқаи чандинасраи фарҳангсолорӣ, тамаддунсозӣ, маънавиятофаринӣ ва таҷрибаву оини давлатдории онҳо таваҷҷуҳи пажӯҳишгарону муаррихонро ҳамеша ба худ ҷалб кардааст».
Исмоил ҲУРМАТЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи миллии
Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2017 №: 249 Мутолиа карданд: 1306