қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2016 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №11, мод. 893; с. 2017, № 3 – 4, мод. 196, № 6, қ. 1, мод. 468, № 7 – 8, мод. 566; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2017, №1468) қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«14. Дар соли 2017 таҷҳизоти зарурии барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2017, № 1470
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 ноябри соли 2017, № 939
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2017 №: 249 Мутолиа карданд: 1666