ҳуқуқ
НАТИҶАГИРӢ. АЗ АМАЛИЁТИ “КӮКНОР - 2017”
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди кишвар тавассути сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз 20 май то 30 ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор - 2017» гузаронда шуд.
Дар амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.
Ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути сарҳади давлатӣ дар роҳҳои автомобилгард дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва сайёр гузошта шудаанд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани амалиёти «Кӯкнор - 2017» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 292 килограмму 762 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Бо мақсади пешгирии суистеъмоли маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар кумитаву идораҳои дахлдор нақша- чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин нақша то имрӯз байни табақаҳои мухталифи аҳолии мамлакат, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии сокинон, аз ҷумла занон ва ҷавонон, оид ба пешгирии нашъамандӣ, омилҳои харидуфурӯши одамон ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуданд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.12.2017 №: 250 Мутолиа карданд: 1299