ҳуқуқ
ВАНҶ. КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ АЗ ШАРОИТҲОИ МУСОИД БАРХӮРДОРАНД
Пеш аз соҳибистиқлолӣ ба даст овардани Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ дар биноҳои куҳна ва қисман садамавӣ, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва солҳои 50 - уми қарни гузашта сохта шуда буданд, фаъолият менамуданд.
Хушбахтона, ҳоло вазъият тамоман дигар аст ва мушкилоти ҷойдошта ҳалли пурраи худро ёфтаанд. Ба гуфтаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, полковники милитсия Зикриёзода Ҷӯрахон Гадохоҷа бо дастгириву ғамхориҳои пайвас-таи роҳбарияти олии мамлакат барои кормандони онҳо чун дигар ҳамкоронашон аз шаҳру навоҳии Бадахшон тамоми шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудаанд. Бинои шуъба азнавсозӣ ва таъмир шуда, кормандон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо нақлиёти нав ва дигар воситаҳои зарурии ташхиси амалиётҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъмин гардидаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом ду сол муқаддам, дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат ба ин водии баландкӯҳ бинои зершуъбаи корҳои дохилӣ дар деҳаи Будун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ бо нақлиёт таъмин гашт.
Боиси тазаккур аст, ки тайи солиёни тӯлонӣ сокинони ноҳия барои гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо ба шаҳри Хоруғ мерафтанд, ҳоло бошад, онҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин шиносномаҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷиро дар худи ноҳияи Ванҷ ба осонӣ дастрас менамоянд. Бартар аз ин, акнун сокинони Ҷамоати деҳоти Язгулом имкон доранд дар назди зершуъбаи милитсия соҳиби ҳуҷҷатҳои зарурӣ гарданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2017 №: 251 Мутолиа карданд: 1458