ҳуқуқ
ҚУБОДИЁН. 38 НАФАР АЗ ТАҲСИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ БАРГАРДОНДА ШУД
Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳолати қонуншиканиро ошкор карда, аз ин ҳисоб ба маблағи 43500 сомонӣ ҷарима рӯёнда ва, инчунин, 78 ҳолати дигар бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ гардидааст.
Тавре Саъдулло Неъматов, масъули бахш оид ба корҳои дини ноҳия, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ҳамзамон баҳри дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша тӯйи хатнасури 142 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи домодию арӯсии 13 ҷуфт гузаронда шуд.
Аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия дар ин давра 48 маротиба рейдҳои муштарак гузаронда, 399 маъракаи шаҳрвандон назорат шудааст.
Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Бинобар сабаби риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” нисбат ба шахсоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд 12 мавод тартиб дода, ба маблағи 4450 сомонӣ ҷарима гардиданд.
Бо назардошти иҷирои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2013 “Оид ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон”, инчунин, барои баргардондани донишҷӯёне, ки ғайриқонунӣ аз ноҳияи Қубодиён дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, барои фаро гирифтани онҳо бо таҳсил ва таъмин намудан бо ҷои кор дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз 55 нафар шаҳрванди ноҳия, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил бо хориҷи кишвар рафта буданд, 38 нафарашон ба Ватан баргардонда шуда, нисбат ба 13 нафари дигар чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ш. ЛАШКАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2017 №: 251 Мутолиа карданд: 1322