ҳуқуқ
РОҲЗАНӢ СЕ НАФАРРО БА ЗИНДОН БУРД
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини пойтахт - Дилшод Асалов, Машраб Розиқов ва Парвиз Холовро дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Судшаванда Дилшод Асалов 21 январи соли равон бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар кӯчаи 40 - солагии Ғалаба, шаҳрванд Р. Азизовро, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, бо корд зада, аз ӯ 2800 сомонӣ гирифта, бо рафиқаш Машраб Розиқов тақсим мекунад. 30 январи соли ҷорӣ онҳо, бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт шаҳрванд А.Ғафуровро низ, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, таҳдид карда, аз ӯ маблағи 3500 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба ин қаноат накарда, Дилшод Асалов 28 феврали ҳамин сол бо рафиқаш Парвиз Холов барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба автомашинаи тамғаи Опел Астра, рақами қайди давлатиаш АМ 74 - 18 03, савор шуда, олоти халандаро ба гардани ронанда гузошта, аз ӯ 300 сомонӣ ва як адад телефони мобилии арзишаш 640 сомониро тасарруф мекунанд. Номбурдагон кирдорҳои ҷинояткоронаи худ-ро давом дода, 3 марти соли ҷорӣ аз ронандаи автомашинаи тамғаи Нексия, рақами қайди давлатиаш ВК 77 - 94 01, ки ба Н. Назаров тааллуқ дорад, бо роҳи зӯроварӣ 300 сомонӣ ва як адад телефони мобилиро гирифта, фирор мекунанд.
Суд баъди баррасии парванда Дилшод Асаловро бо дастрасии моддаҳои 249 қисми 4 банди «а», 32 қисми 1 - 249 қисми 4 бандҳои «а,б» ва 252 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати ҳабдаҳ солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Машраб Розиқов бо даст-расии моддаҳои 249 қисми 2 бандҳои «а,б», 32 қисми 1 - 249 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати ҳаждаҳ сол ва Парвиз Холов бошад, тибқи моддаҳои 249 қисми 3 банди «а» ва 252 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати чордаҳсолу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.12.2017 №: 251 Мутолиа карданд: 1295