ҳуқуқ
ҲИЗБИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОН. ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД!
Суди шаҳри Панҷакент се сокини маҳаллӣ - Бурҳониддин Қаршиев, Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбоновро барои иштирок дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки фаъолияташ бинобар сабаби ташкилоти экстремистӣ эълон шудан бо ҳукми суд манъ шудааст, гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум кард.
Тавре маълум шуд, Бурҳониддин Қаршиев соли 2011 ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия буданаш бо фаъолони ташкилоти ифротгароии Ҳизби исломии Туркистон борҳо мулоқот карда, оҳиста - оҳиста ба ғояҳои онҳо дода мешавад. Ҳарчанд маълум буд, ки ғарази ин гурӯҳ тағйири сохти конститутсионӣ, бунёди ба ном давлати исломӣ, ба гурӯҳҳои ифротии Сурия ва Ироқ ҷалб кардани ҷавонон аст, ӯ то соли 2014 дар машварату мулоқотҳои онҳо иштирок мекард.
Тибқи дастури фаъолони ин гурӯҳ ӯ охири соли 2013 ба Ватан баргашта, дар манзили худ ва раҳнамою ҳамақидааш Нуриддин Туронов, дар масҷиди деҳаи Чимқалъа ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои хоҷагони хориҷиаш машғул мешавад.
Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбонов бошанд, ҳамин вақт ба доми тазвири мубаллиғони Ҳизби исломии Туркистон меафтанд. Онҳо ҳарчанд аз мақсадҳои ифротгароёнаи ин ҳизб, ки ғаразаш бунёди давлати ба ном исломӣ, ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ огоҳ буданд, вале вазифаҳои шаҳрвандии худро фаромӯш карда, дар ин хусус ба мақомоти марбута хабар надоданд.
Яке аз мубалиғон Муҳаммад Тӯроновро, ки ҳоло бедарак аст, ба эҳтимоли зиёд шояд ба гурӯҳҳои ифротгарои Сурия пайвастааст.
Судшавандаҳо дар рафти мурофиа иқрор шуданд, ки онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ зери таъсири тарғиботи ифротгароёнаи пайравони Ҳизби исломии Туркистон вақти адои намоз дар масҷидҳо, ба он шомил шудаанд. Ҳамчунин, баъди бозгашти онҳо аз хориҷа наздиконашон аз рафтори ношоиста, иштирокашон дар нишасту мулоқотҳои шубҳанок огоҳ шуда, сахт нигарон шудаанд.
Онҳо маҳз дар ҳамин мулоқоту вохӯриҳо, пеш ё баъди намоз дар хонаи Муҳаммад Тӯронов, мубаллиғи ин ҳизб ҷамъ омада, чи тавр тавассути Туркия ба Сурия рафтан, расондани кумаки моддӣ ба «ҷиҳодиён» - ро, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ омӯзонда буданд, ба аҳли нишаст мефаҳмонданд.
Суд бо назардошти далелҳои ҷамъоварда Бурҳониддин Қаршиевро бо моддаи 3073, қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати се солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳаммаслакони ӯ Камолиддин Норимқулов ва Фурқат Қурбонов низ тибқи қонун ҳабс гардиданд.
Таҳмина ПӮЛОДӢ,
муовини раиси суди шаҳри Панҷакент,
Турдибой СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2017 №: 252 Мутолиа карданд: 1293