ҳуқуқ
ҶИНОЯТ БОЗ СЕ НАФАРРО БА ЗИНДОН БУРД
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Алишер Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе, Аббас Разик Ашраф ва Калимутху Балакулентхиран шаҳрвандони Ҷумҳурии Шри - Ланкаро дар содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ муҷрим шинохта, онҳоро ба муҳлати 2 солу шаш моҳӣ аз озодӣ маҳрум сохт.
Суд таҳти раисии Сурайё Ҷобирзода, парвандаҳои ҷиноятиро нисбат ба маҳкумшудагон баррасӣ намуда, муайян кард, ки Алишер Абдуллоев, менеҷери меҳмонхонаи «Дошан - Хостел» бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо шаҳрванди Ҷумҳурии Шри - Ланка Аббас Разик Ашраф шинос шуда, оқибат ба содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ даст заданд. Онҳо 6 апрели соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Шри - Ланка Калимутху Балакулентхиранро қабул намуда, ба меҳмонхонаи мазкур оварданд. Аббас Разик Ашраф дар рафти вохӯрӣ ба Алишер Абдуллоев гуфтааст, ки Калимутху бо мақсади ба давлатҳои Аврупо рафтан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Ӯ дар Дубай тавассути Рави ном шахс раводиди Ҷумҳурии Олмонро аз 21 июли соли 2010, ки муҳлаташ гузашта будааст, дастрас кардааст. Бинобар ин, Аббас Разик аз Алишер Абдуллоев хоҳиш кардааст, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шиносе пайдо кунад, то ки бар ивази додани пора Калимутхуро бе мамониат аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Франкфурти Ҷумҳурии Олмон фиристанд.
Аббас Разик ба Алишер бар ивази чунин хизматаш маблағи 1800 долларро ваъда кард. Алишер Абдуллоев ба ин пешниҳод розӣ шуда, бо мақсади амалӣ намудани кирдори ҷиноятӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сардори басти назорати сарҳадии фурудгоҳ капитан Исломиддин Раҳимов вохӯрда, шиносоӣ пайдо кард. Дар рафти шиносоӣ мақсадашро баён карда, барои иҷро кардани ин амал ба ӯ 1000 доллари амрикоӣ пешниҳод менамояд. И. Раҳимов баъди чанд муддат ба ин пешниҳод розигиашро дод. Алишер бо мақсади пайдо кардани намояндаи фурудгоҳ бо Шаҳриёр Худоиев, ки вазифаи агенти ширкати ҳавопаймоии «Сомон - Эйр» - ро бар дӯш дошт, шинос шуда, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷойи нишасти барҳаво додан ба Калимутху гуфтугӯ мекунад.
20 майи соли 2017 ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, пас аз гузаштани Калимутху аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рафти додани пора аз ҷониби Алишер Абдуллоев ба Исломиддин Раҳимов ҳар ду, яъне Алишер ва Калимутху аз ҷониби кормандони амният дастгир гардиданд. Инчунин, 21 майи соли 2017 Аббас Разик Ашраф аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми кӯшиши фирор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шудааст.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.2017 №: 252 Мутолиа карданд: 1296