порлумон
ХУҶАНД. МАҚСАД - БЕҲСОЗИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ
Дастрасии сокинони шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби тозаи ошомиданӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ин амр дар пайи татбиқи «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3» имконпазир мегардад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабр дар ин робита Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба тасвиб расонданд. Каримзода Ҷамшед, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии ин тарҳ иброз дошт, ки маблағгузории марҳилаи сеюм аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа 21 апрели соли 2017 Созишномаи грантии мазкур ба имзо расонда шуд.
Маблағи барнома 8,85 миллион долларро ташкил мекунад, ки аз он 3,5 миллион доллар ҳамчун қарз ва 5,35 миллион доллар ҳамчун грант аз тарафи бонки мазкур маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии барнома ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам кардани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва муайян намудани миқдори оби ошомидании интиқолгардида мебошад.
Ин лоиҳа ҷиҳати ба пуррагӣ фаъолият намудани иншооти партовобтозакунии шаҳр, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, таъмир ва таҷҳизондани ташхисгоҳҳои об, партовоб, инчунин, беҳтар намудани таъминоти оби ошомидании шаҳраки Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ивази лӯлаҳои обгузар ва хатҳои партовоб равона карда мешавад. Муҳлати татбиқи барномаи мазкур то соли 2020 дар назар аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2017 №: 253 Мутолиа карданд: 2775