ҳуқуқ
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Мубориза алайҳи коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт барномаҳои вижа қабул ва ҷиҳати татбиқи он чораҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин робита, «Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия барои солҳои 2013 - 2020» яке аз ҳуҷҷатҳои асосии сиёсати зиддикоррупсионӣ ба шумор рафта, татбиқи босамари он метавонад коррупсияро дар ҷомеа ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Ин матлаб зимни як нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои даври чаҳоруми мониторинг дар ҳошияи Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд. Коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд оид ба мубориза бо коррупсия изҳор доштанд, ки бо вуҷуди муборизаи қотеъ бо ин зуҳурот, ҳамоно омилҳои коррупсионӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷой доранд, ки Тоҷикистон ҳам истисно буда наметавонад.
Дар нишаст, аз ҷониби коршиносон гузарондани беҳтарсозии сифатӣ дар санадҳои қонунгузории дахлдор тавсия гардид. Ҳамчунин, ба Тоҷикистон дар хусуси дастрасии озод ва номаҳдуд дар самти дастрасӣ ба маълумоти омории таҷдидшаванда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тавсияҳои нав дода шуд.
- Ин таҷриба имрӯз дар тамоми кишварҳое, ки ба шабакаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд шомиланд, васеъ истифода мешавад, - изҳор дошт коршинос Андрий Кухарук.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии шабакаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд оид ба мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки соли 1998 ташкил шудааст, дастгирии кишварҳои аъзо дар амри мубориза бо коррупсия, табодули маълумот, омода намудани амалияи дуруст ва ҳамоҳангсозии кумаки донорӣ дар шакли вохӯриҳои минтақавӣ ва семинарҳо, барномаҳои омӯзишии муштарак ва лоиҳаҳои махсус мебошад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.12.2017 №: 253 Мутолиа карданд: 1319