logo

маориф

ХУҶАНД. МУКОФОТҲОИ ПУЛӢ БА ДОНИШҶӮЁНУ ХОНАНДАГОНИ ФАЪОЛ

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, зимни як мулоқот бо ҷавонони фаъол, донишҷӯёну хонандагони пешқадами донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо мукофотҳои пулӣ қадр кард. Дар доираи ин тадбир хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 750 то 2000 сомонӣ ва донишҷӯёну устодони ҷавон аз 1000 то 3000 сомонӣ маблағҳои пулӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, ба 125 нафар донишҷӯи аълохони ятиму камбизоат 150 сомонӣ супурда шуд.
Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, роҳбари маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, раиси шаҳр дар суҳбат бо ҷавонони фаъол изҳор доштааст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон карда, қайд намуданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Маъруф Муҳаммадзода, дар хитоб ба ҷавонон гуфт, ки бояд ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор ва дар ҳама кор қобили эътимод бошанд. Ӯ аз фаъолияти босамари 75 нафар олим ва 30 нафар ихтироъкори ҷавони шаҳр, ки дар бахшҳои гуногун корҳои босамарро анҷом дода истодаанд, тавсиф намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълиму тадрис донишу малакаи худро тавсеа бахшида, дар рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми бештару муассир гузоранд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 1176
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед