logo

номаҳо

БОНК ҚАРЗДОР БОШАД, ЧӢ?

31 марти соли 2016 бо маслиҳати ҳамкорон қариб 30 ҳазор сомонӣ маблағи бо меҳнати ҳалол ҷамъкардаи шавҳару ду писарамро дар «Агроинвестбонк» гузоштам. Аслан нияти ман фоида гирифтан ҳам набуд. Азбаски тамоми  рӯз дар кор будаму дар хона касе набуд, пиндоштам, ки дар  ҷои амн нигаҳдорӣ шавад, беҳтар аст.

Инак, хостем писарамонро оиладор кунем. Аммо бо кадом пул? «Агроинвестбонк» дигар пуламонро намедод, ҳарчанд мо аллакай арӯсро хостгорӣ карда будем. Борҳо ба дари бонк рафтанамон фоида накард. Ҳамеша мегуфтанд, ки фалон вақт аҳвол хуб мешавад, ҳатман пулатонро медиҳем.
 Ба ин ваъдаҳо бовар кардему қарз гирифтем. Ин магар хандаовар нест, ки пул дошта бошиву қарз бигирӣ? Аммо чи илоҷ, «кори хайрро ақиб партофтан хуб нест» - гуфтани модари пирамро ба инобат гирифта, бо қарз тӯйро гузарондем.
 Як моҳ, ду, се моҳ, ним сол гузашт, аммо аз беҳ шудани аҳволи бонк дараке нест. Акнун қарзхоҳон дари маро «охурча» кардаанд. Ҳолати ногуворам ба дараҷае расидааст, ки агар аз дар касе дарояд, дилам меларзад. Бо ҳазору як баҳона, зориву тавалло қарзхоҳонро гусел мекунам. Аз ҳамсояҳо, хусусан арӯсамон шарм медорам. Музди кор ба рӯзгор сарф мешавад. Дирӯз масъулон гуфтанд, ки «Агроинвестбонк» 115 миллион сомонӣ пасандози мардумро баргардондааст. Дар ду моҳ, гӯё,  ин бонк 61 миллион сомонӣ амонати мардумро додааст. Ин пулро киҳо гирифта бошанд? Мегӯянд, ки  дар аввали соли 2018 ин масъала роҳи ҳаллашро меёбад. Ин ҳал шудани мушкилро шояд бори даҳум ваъда медиҳанд.
 Агар кас аз бонк қарздор бошад, манзилу амволашро мусодира кардаву ба музояда монда қарзро мерӯёнанд. Аммо бонк қарздор бошад - чӣ?
Маҳбуба БОБОҶОНОВА,
шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2017    №: 255    Мутолиа карданд: 1404
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед