номаҳо
ОИЛА САРЧАШМАИ ТАРБИЯ
Оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки оила муассисаи муҳимест, ки дар он кӯдак ба воя расида, нашъунамо меёбад. Одоб, ахлоқ ва тарбия аз ҳамин ҷо сар мешавад. Насли наврас ҳурмату эҳтиромро нисбат ба калонсолон, меҳру шафқатро нисбат ба ҳамсолону дӯстон, рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад.
Аммо онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳо маҳрум мемонанд ва ноқис тарбия меёбанд, боиси сар задани нохушиҳо дар ҷамъият мегарданд. Ҳар қадаре, ки оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар хуб ба воя мерасад ва барои миллат манфиатҳо меорад.
Аз ин рӯ, афроди оила бояд ба ҳамдигар хеле эҳтиромона муносибат намоянд. Чунин тарзи рафтор дар ҳама ҳолат ба кӯдак таъсир мегузорад ва ӯ низ дар муносибат онро ба инобат мегирад. Гузашта аз ин, вақте худи онҳо дар оянда оила барпо месозанд, дар муносибат бо аҳли оилаи худ чунин тарзи рафтори идеалиро пайравӣ мекунанд. Равоншиносон бар ин назаранд, ки кӯдак бояд бештар амали дурустро бинад, то абадан дар зеҳну хотираш сабт гардад.
Ҳеҷ як падару модар намехоҳад, ки фарзандашон ба амалҳои номатлуб даст занад. Барои ин ҳамеша роҳҳои хубро ҷӯён мешаванд ва ҳаматарафа барои тарбияи нек мекӯшанд. Аммо дар ҷомеаи мо ҳастанд волидоне, ки ҳам мехоҳанд фарзандашон солим тарбия ёбад, ҳам барои пешгирӣ аз роҳи бад ҳеҷ коре намекунанд. Нафароне, ки дар фикри тарбияи дурусти кӯдаконашон ҳастанд, лозим нест дигар роҳҳоро имтиҳон кунанд. Зеро ҳурмату иззате, ки падару модар нисбат ба волидони худ нишон медиҳанд, барои кӯдакон бузургтарин дарси тарбия маҳсуб мешавад. Кӯдак бояд бо чашми худ бубинад, ки чи гуна калонсолонро эҳтиром бояд кард ва танҳо дар он ҳолат ин хислат дар табиати ӯ ҷо мегирад ва таъсири худро нишон медиҳад. Аммо, агар инро ба чашм надида, дар ин бора танҳо насиҳат бишнавад, натиҷаи матлуб дер ҳосил мешавад, ҳатто баъзан ҳеҷ натиҷае ба даст намеояд.
Лола РИЗОӢ,
магистрант
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2017 №: 256 Мутолиа карданд: 4016