маориф
НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. МАОРИФ РУШД МЕКУНАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ дар сиёсати давлат эълон доштааст. Аз ин рӯ, масъулони соҳа дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз тадбирҳои судманд андешида, барномаҳои гуногуни тахассусиро мавриди истифодаи аҳли ҷомеа қарор додаанд.
- Ба ин хотир, таваҷҷуҳ ба муаллимони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ меафзояд. Бинобар ин, аз омӯзгорон талаб карда мешавад, ки машғулиятҳои ҳаррӯзаи худро тибқи талаботи барнома, нақшаҳои таълимӣ ва навигариҳои илму техника роҳандозӣ намуда, аз усулҳои самараноки кор ҳар чи бештар истифода баранд, - гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Алишер Исоев. Инчунин, афзуд, ки имсол тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 75 нафар мутахассисони ҷавон ба ноҳия фиристода шуданд. Ҳамаи онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ ва хобгоҳҳо таъмин карда шуданд. Дар ноҳия 41 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 умумии асосӣ, 3 ибтидоӣ, 1 гимназияву 1 литсейи давлатӣ ва 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 240 кӯдак ва 30138 хонанда дар 1124 синфхона ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Шумораи хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, 114 нафарро ташкил медиҳад. Дар асоси шартномаҳое, ки бо ширкатҳои дӯзандагӣ баста шуда буданд, ҳамаи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ пурра таъмин гаштанд. Дар арафаи соли нави хониш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии рақами 50-и деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев 6 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 80 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд. Дар даврони истиқлол дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, 44 синфхонаи иловагӣ барои 7 ҳазору 500 ҷойи нишаст ва 19 мактаби нав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Моҳи марти соли ҷорӣ маросими кушодашавии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 баргузор гардид. Инчунин, соли 2015 дар ноҳия бинои нави шуъбаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ноҳия сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст дар Ҷамоати шаҳраки Москва ва сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории 1 миллиону 947 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2017 №: 256 Мутолиа карданд: 1204