ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПОРА
Адвокат аз корафтода 200000 сомонӣ гирифтааст
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Анвар Ҳасанов, раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ аз сӯи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба суд ирсол гардидааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд Ҳасанов Анвар Муминхӯҷаевич бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намудани кирдори бародараш, аз ӯ дар се ҳолат 200000 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, тибқи моддаи 247, қисми 4, банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд.
ХУЛОСАИ ГАРОНАРЗИШ
Боздошти ташхисгари тиббӣ - судӣ бо 13000 сомонӣ
Мудинов Раҳматулло Ҳомидович, ташхисгари тиббӣ - судии Маркази экспертизаи тиббӣ - судии вилояти Хатлон бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш барои додани хулосаи тиббӣ - судӣ дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ аз як шаҳрванд 13000 сомонӣ талаб намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ташхисгар зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ваҳдат, назди бинои терминали мусофиркашонии шаҳр ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ, дар ҷои ҳодиса дастгир шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбат ба Мудинов Раҳматулло бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2017 №: 256 Мутолиа карданд: 1112