номаҳо
КАМ НАЕМ АЗ ДИГАРОН…
Вобаста ба тараққиёти ҷаҳони имрӯза пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба метрополитен эҳтиёҷ дорад. Табиати иқлими мо барои бунёди он бисёр мусоиду қуллай аст ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Бо афзоиши автомашинаҳо дар пойтахти кишварамон тамбашавии нақлиёту заҳролудшавии ҳавои атроф бисёр зиёд мушоҳида мешавад. Хиёбонҳову роҳҳои пойтахтамонро солҳои пеш аз истиқлол, дар асри гузашта тарҳрезӣ намудаанд, аз ин рӯ, ба талаботи давр ҷавобгӯ нестанд.
Аз як гӯшаи пойтахт то гӯшаи дигари он тахминан ҳамагӣ понздаҳ километр фосила аст. Аз доираи шаҳр берун шудан замон метрои ватанӣ метавонад дар рӯи замин ҳаракат кунад. Мардумони ноҳияҳои атрофи пойтахт низ дар ин ҳол аз метрополитен метавонанд истифода баранд. Бо сохтани метрополитен тараққиёти кишварамон дар ҳамаи соҳаҳо меафзояд. Ин иқдоми некро метавонем ба василаи сармоядорону шахсони сарватманди ватаниамон низ анҷом бидиҳем. Агар ашхоси сарватманд ба ин иқдоми нек рӯ биёранду сохтмону бунёди онро маблағгузорӣ намоянд, зарур аст, ки он истгоҳи метро ба номи онҳо гузошта, ба ҷуз ин, сармояашон бо изофа баргардонида шавад. Бо анҷоми ин амали хайру савоб барои ҷавонон ҷойҳои корию маоши баланд пайдо мегардад.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2017 №: 257 Мутолиа карданд: 1196