ҳуқуқ
НОБОЛИҒОН. ВОЛИДАЙН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАНД!
- Ман бар ин назарам, ки афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон натиҷаи бемасъулиятии волидайн ва наздиконашон низ мебошад. Чунки аксари ҷиноятҳо нимашаб - соатҳои 10 - 11 содир гаштаанд.
Ин матлабро Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар муассисаи таълимии № 59 - и Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳия баргузор гардид, иброз намуд. Дар ҷаласа, ки бо иштироки раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, аъзои шӯро - намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва фаъолони ноҳия доир шуд, ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо волидайн ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, балки ҳар фарди ҷомеаро вазифадор месозад, ки дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд. Ӯ аз афзоиши ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонони ноҳия изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти шуъбаи маориф, сохторҳои марбута ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастур дод, ки назорат дар ин самтро пурзӯр намоянд.
Прокурори ноҳия ва ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз изҳор дошт, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 1037 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад зиёд мебошад. Аксари ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ марбут аст.
- Мо талош дорем, ки ҳеҷ ҷинояткор беҷазо намонад ва ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ пурзӯр шаванд, - гуфт Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2017 №: 259 Мутолиа карданд: 1195