logo

номаҳо

ОМАДАМ, ТО БАРОИ МИЛЛАТ ХИДМАТ НАМОЯМ

Мо - ҷавонон ифтихор аз он мекунем, ки зодаи даврони истиқлол ҳастем. Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва марҳилаҳои мушкили расидан ба ин неъматҳои олӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ ва азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро меомӯзонад.

Аз имкониятҳои нодире, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мо фароҳам овардааст, истифода бурда, соли 2010 ба шаҳри Душанбе омадам ва дар озмуни дохилшавӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар иштирок намуда, донишҷӯи Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии (МИСиС) - и шаҳри Мос-кваи Федератсияи Русия шудам. Соли 2013 барои таҷрибаомӯзӣ ба коргоҳи металлургии нави (Новолипетский металлургический комбинат) - и шаҳри Липетск ва соли 2014 дар Корхонаи тракторбарорӣ ва қолибсозии (Промтрактор - Промлит) Чебоксари Федератсияи Русия ҳамчун ёрдамчии сармуҳандис фаъолият кардам. То моҳи майи соли 2015 дар Корхонаи саноатии нӯшокиҳои Тоҷикистон (Кока - Кола) ҳамчун ёрдамчии муҳандиси технологӣ кору фаъолият намудам. Соли 2015 тибқи бурсияи Федератсияи Русия барои идомаи таҳсил ба Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС) дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудам.
Дар гӯшаву канори гуногуни Русия истиқлолияту ҳамгироии миллатро ҳамчун нишони пойдории давлат, бақои миллат ва шарафу эътибори кишварамон муаррифӣ мекардем. Ҳар вақте ки мо дар бораи истиқлолият ҳарф мезанем, бемуболиға, пеши назарамон симои барҷастаи Сарвари давлатамон меояд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат  ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба мо – ҷавонон имкон фароҳам шуд, то барои такмили дониши худ дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил намуда, ба пешрафту тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Инак, баргаштам ба Тоҷикистон ва мехоҳам мувофиқи ихтисосам дар пешрафти соҳаҳои дахлдор хидмат намоям.
Шерзоди САЙЁД, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 1300
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед