ҳуқуқ
ЗАМИН. МАҚСАД - ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНШИКАНӢ
Дар ноҳияи Рашт зимни гузарондани санҷиши нозирони кумитаи идораи замини ноҳия 53 ҳолати қонуншикании марбут ба истифодаи ғайримақсадноки замин ошкор гардид.
Бино ба иттилои Неъмат Ҳусейнов, раиси кумитаи идораи замини ноҳия, вобаста ба натиҷаҳои санҷиш нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар истифодаи ғайриқонунии замин даст доштанд, санаду протокол тартиб дода шуда, қонуншиканон ба маблағи 32160 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулон, дар ноҳия оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, холӣ намондани заминҳои киштбоб, зиёд намудани майдони кишт, пешгирии ҳолатҳои ғасби худсарона тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида чораҳои мушаххас андешида, ҷиҳати барқарор намудани майдони заминҳои корам, ки солҳои зиёд бо сабаби сар задани офатҳои табиат аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳо пешниҳод гардидааст.
- Дар назар аст, ки кормандони кумитаи идораи замин якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ марбут ба истифодаи замин дар чойхона - фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд, - гуфт Неъмат Ҳусейнов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2017 №: 260 Мутолиа карданд: 1167