барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари офатҳои табиӣ ва техногении ахир дар кишвари Филиппин боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба мардуми дӯсти Филиппин ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2017 №: 260 Мутолиа карданд: 1766