logo

маориф

РАШТ. ШАРОИТИ ТАҲСИЛ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Беҳтар намудани соҳаи маориф бо назардошти таҳсилоти касбӣ, фароҳам сохтани шароити хуб барои бозомӯзӣ ва рушди малакаи ҷавонон, ҳамчунин, дастгирии соҳибкории хурд ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ҳамасола тибқи барномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ва  муассисаҳои таълимии касбӣ шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт аз рӯйи 8 ихтисос: тракторчӣ, мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, ронандаи автомобил, дӯзандагӣ, кафшергари гази барқӣ, муҳосиб бо донистани компютер, чӯбтарош - бинокор, монтёри барқӣ, системаи компютер ва интернет  - технология 286 нафар хонанда  таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 30 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба хонандагон  27 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ касбу ҳунар меомӯзанд.
Солҳои дароз аз сабаби набудани хобгоҳ хонандагон аз деҳоти дурдаст барои таҳсил ба мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, ки ин яке аз сабабҳои кам будани хоҳишмандони идомаи таҳсил дар литсейи мазкур маҳсуб меёфт. Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 - 2016» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои якуми хобгоҳ барои 100 нафар бо тамоми таҷҳизот ва шароити зарурӣ ба истифода супурда шуд.
Боиси зикр аст, ки бинои муассиса низ солҳои 1957 сохта шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй набуд. Бо назардошти талаботи давру замон ва фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои хонандагони ин муассиса соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои муассиса ва бинои хобгоҳи дуюм барои 120 нафар шурӯъ гардид.
Тавре  Маҳмадҷон Асалов, директори муассисаи мазкур иттилоъ дод, ҳадаф аз кушодани курсҳо баланд бардоштани имкониятҳои шуғл ва даромади ҷавонон дар Тоҷикистон мебошад. Пас аз хатми курс ба касбомӯзони маваффақ барои ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ   дастгирии техникию молиявӣ низ пешбинӣ шудааст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 1429
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед