порлумон
НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРӢ
Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2017 дар пайи амалиёти муштараки «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда», ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби ноболиғон 517 ҷиноят ва ҷавонон 4 410 ҷиноят сабт гардидааст, ки боиси нигаронист.
Ин нукта аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мусалам Қодирова дар муҳокимаи ошкорои порлумонӣ, ки бо ҳузури роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ доир шуд, баён гардид. Дар муҳокимаи ошкорои порлумонӣ татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 тасдиқ шудааст, мавзӯи меҳварӣ буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар иштирокчиён зимни таҳлил ва натиҷагирӣ аз татбиқи барнома, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавононро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиршударо 20 нафар духтар ва 512 писар анҷом додаанд. Тибқи натиҷагирӣ аз ин шумора 70 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нафар литсейҳои касбӣ - техникӣ ва коллеҷҳо буда, 448 нафар дар ягон ҷой кору таҳсил намекунад.
Мувофиқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба падару модарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар иҷрои уҳдадориҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир кардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳо ирсол гардидаанд. Дар натиҷа 1745 падару модар барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон дар ҳаҷми 159 510 сомонӣ ҷарима ва 374 нафари дигар огоҳонида шуданд.
Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2017 №: 262 Мутолиа карданд: 5005