туризм
САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОН ЗЕБОТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ
Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзали сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018 - ро - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Ҷанбаъҳои дигари ин иқдоми муҳимро аз мутасаддиёни соҳа пурсон шудем. Лола Мамадризоева, менеҷери ширкати сайёҳии «Айстур» дар ин бобат чунин гуфт:
- Аз рӯйи баҳогузории сайёҳони хориҷӣ сифати маҳсулот ва гуногунрангии табиату тамаддуни кишвари мо нисбат ба бисёри мамолики дигар беҳтару ҷолибтар аст. Дар аксари мавзеъҳои тамошобоби Тоҷикистон баробари кӯҳсор ва обҳои мусаффои чашмаю рӯдҳои хурӯшон, инчунин, осори ғании таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Ҳамаи ин вижагиҳои диёри мо имконият медиҳанд, ки сайёҳон аз тамоми гӯшаю канор ба сарзамини мо ворид гарданд. Барои истифодаи самараноки чунин манбаъҳо дар роҳи рушди иқтисодӣ дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дорад.
Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат имтиёзҳои зиёдро дар самти фаъолияти ширкатҳои туристӣ фароҳам оварданд, ки чунин шароити кор дар кишварҳои дигар ба назар намерасад.
«Айстур» - яке аз ҷавонтарин ширкатҳои сайёҳист, ки дар доираи дастгириҳои Сарвари давлат соли равон фаъолияташро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Он аз имтиёзҳои муҳайёнамудаи давлату Ҳукумати кишвар бархӯрдор буда, дар муддати кӯтоҳ эътибор пайдо намуд ва меҳмонони хориҷиро, бештар аз кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Олмон ва Чин ба гӯшаю канори Тоҷикистон овард. Дар гармчашмаҳои ноҳияи Ишкошим бинобар теъдоди зиёди меҳмонон норасоии ҷойи хоб ба вуҷуд омад. Ҳоло дар ин мавзеъ зарурати ташкили меҳмонхонаҳои зиёдтар пеш омадааст, то масъулон имконият пайдо намоянд, ки шумораи бештари сайёҳонро фаро бигиранд. Хусусан, бунёди хостелҳо, яъне меҳмонхонаҳои хурд-хурд дар фосилаҳои муайяни як мавзеъ мувофиқи талаби замон аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 боиси ҳавасмандии зиёди роҳбарияти ширкат гардид. Мо мақсад дорем, ки соли оянда саёҳати сокинони кишварро ба минтақаҳои ҳамдигар роҳандозӣ намоем. Шаҳрвандони мамлакат ба ин васила аз дороии табиати нотакрори Ватани хеш зиёдтар огоҳӣ пайдо менамоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2017 №: 262 Мутолиа карданд: 1357