ҳуқуқ
КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ Ё СОЛИ ОРМОНҲОИ ҶАВОНӢ
- Бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ғамхории Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.
Ин ҳарфҳои пурҳикмат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуданд, мо - насли ҷавонро вазифадор месозанд, ки дар партави ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари давлат, ташаббускори амалҳои созанда бошем ва барои пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.
Аслан, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дошт ва ба ин манзур институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, феълан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Гузашта аз ин, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд.
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин дидгоҳ, ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳалаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Феълан, дар баробари дигар соҳаҳо нақши ҷавонон дар пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ назаррас мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипарӣ зиёда аз 60 нафар кадрҳои ҷавон, ки дорои таҷрибаи корӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ мебошанд, бори аввал ба вазифаи судягӣ таъйин гардиданд, ки далели ин гуфтаҳост. Дар мақомоти судӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастгирии кадрҳои ҷавон ва нақши онҳо дар таҳкими фаъолияти мақомот авлавият дода мешавад. Аз ҷумла, судяҳои ҷавон мунтазам барои такмили ихтисос ба Суди Олӣ даъват гардида, малакаю дониши касбии худро бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асоснок, омодасозии ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ тақвият мебахшанд.
Боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар ҳама соҳаҳо самимона дастгирӣ мешаванд, моро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем. Бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳони муосирро таъсири ақидаҳои ифротгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ фаро гирифтааст, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои миллат бошем.
Гулнора РАСУЛЗОДА,
судяи суди шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2017 №: 262 Мутолиа карданд: 1041