номаҳо
ЯК ТАМАННО
Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз фаъолияти бунёдкоронаи ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Ин, албатта, моро водор месозад, ки дар корҳои созандагӣ ва иҷрои вазифаҳои муҳим масъулияти бештар эҳсос намоем.
Мо боз аз он изҳори сипос мекунем, ки Пешвои миллат саҳми донишкадаи моро дар тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг махсус ёдовар шуданд. Дар ҳақиқат, ин муассисаи таълимӣ солҳои зиёд аст, ки дар тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг саҳми назаррас дорад. Сатҳи таълиму тарбия дар он боло рафтааст. Хатмкунандагонаш дар муассисаҳои фарҳангии кишвар ва берун аз он пурсамар фаъолият доранд.
Вобаста ба ин ҳама ва низ анҷомёбии соли 2017, оғози Соли нави мелодӣ таманнову дархост менамоям, ки ба ин донишкада масъулон мақоми донишгоҳро бидиҳанд. Ин мо - муҳассилони донишкадаро боз бештар водор месозад, ки хубу аъло таҳсил бикунему ҳунарамонро сайқал бидиҳем. Яъне, дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг саҳми назаррас бигирем.
Саидҷони БЕЗАМИР,
донишҷӯи соли 3 - юми Донишкадаи давлатии
фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2017 №: 262 Мутолиа карданд: 1202