номаҳо
МУЪМИНОБОД. АЗ ҲОЛИ ЗОРИ ЯК МУАССИСА
Пункти таҷрибавӣ, ки ҳоло муассисаи илмӣ - таҷрибавии Муъминобод ном гирифтааст, аз соли 1979 фаъолият дорад. Ҳарчанд давоми 20 соли охир дар корхона зиёда аз 30 роҳбару сармуҳосибу бригадиру хазинадори он иваз шуд, пешравие ба назар намерасад. Дар Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки муассиса зертобеи он аст, ба вазъ бепарво буда, ҳатто намепурсанд, ки чаро заминаш саросар ба иҷора дода мешавад. Ҳол он ки дар оинномаи муассиса ба иҷора додани заминҳо зикр нашудааст.
Муассиса 865 гектар замин дошта, аз он 136 гектар корами обӣ, 125 гектар боғ, 113 гектар чарогоҳ ва 58,5 гектараш буттазор аст. Замини кишту боғ ба иҷоракорон тақсим шуда, худи муассиса дар як сол ба зӯр дар 2 - 5 гектари он зироат мекорад. Соли 2015 иҷоракорон дар 65 гектар гандум, 15 гектар ҷав, 15 гектар зағир, 25 гектар картошка, 2 - гектарӣ помидору бодиринг ва 15 гектар пиёз корида, ҳосили ночиз гирифтанд. Солҳои 2016 ва 2017 низ ҳосилнокӣ паст буд. Самари боғҳо аз 50 - 60 сентнер аз як гектар наафзудааст. Зеро боғҳо бедорую бенигоҳубин монда, ҳашаротзада шудаанд.
Вақти он расидааст, ки роҳбарияти Институти боғпарварию зироаткорӣ ё Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мутахассисе ба ин ҷо фиристода, вазъи муассисаро ҷиддӣ бисанҷад. Дар акси ҳол тафтишҳои бенатиҷаи мақомоти дахлдор чизе ба бор намеоранд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2018 №: 1 Мутолиа карданд: 1306