ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Мунира Айдармамадова, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман ҳамчун усто, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти ёрирасони онҳо ба корҳои сохтмонию таъмирӣ машғул шуда, аз ҳамин ҳисоб зиндагии худро пеш мебарам. Чанде пеш нозири минтақавӣ ба ҷойи корам омада, аз ман иҷозатнома талаб кард. Чун дар даст ягон ҳуҷҷат надоштам, барои идомаи корҳои сохтмонӣ иҷозат надод. Бигӯед, ки барои дастрас намудани ҳуҷҷати зарурӣ ба куҷо муроҷиат намоям?
Далер, сокини ноҳияи Бохтар
- Дар асоси номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ эътироф гардида, бояд дар асоси патент амалӣ карда шавад. Аз сабаби он, ки шумо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, аз ҳамин ҳисоб фоида ба даст меоред, барои гирифтани патент ба нозироти андози маҳали зистатон муроҷиат намоед. Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии фаъолияти шумо дар нозироти андоз маҳсуб ёфта, ҳуқуқ медиҳад, ки ба корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла таъмири хонаву дигар иншооти шаҳрвандон машғул шавед.
***
- Ман мехоҳам васиятномаро дар нотариати давлатии ноҳия тасдиқ кунам. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин амалиётро раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ анҷом дода метавонанд. Оё ин дуруст аст?
Қ. Қурбоншоев, сокини ноҳияи Рӯшон
- Мувофиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалиёти зерини нотариалиро ба ҷо меоранд:
а) васиятномаҳоро тасдиқ мекунанд; б) ваколатномаҳоро, ба истиснои ваколатнома оид ба идора ва ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои нақлиёт, молу мулки ғайриманқул тасдиқ мекунанд; в) дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2018 №: 1 Мутолиа карданд: 1512