logo

порлумон

ОФАТҲОИ ТАБИАТ. 50 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ХАТАРҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

Дар 5 соли охир роҳҳои автомобилгарди кишвар аз офатҳои табиат дар ҳаҷми 62 миллиону 905 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд. Барои барқарор намудани роҳҳо ва иншооти зарардида дар ин муддат аз ҳамаи манбаъҳо 12694 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Ин матлабро Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон баён дошт. Тавре зикр шуд, арзиши умумии ин тарҳ 50 миллион долларро ташкил дода, аз он 25 миллион доллар қарзи имтиёзнок ва 25 миллиони дигарро гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ташкил медиҳад.
Рӯи даст гирифтани чунин як тарҳи муҳим дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳмон Холмурод,  директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии қариб 30 ҳазор километр мавҷуд аст, ки дар мавсими обхезӣ хисороти моливу ҷониро ба бор меоранд. Минтақаҳое, ки  ба селҳо нисбатан зиёд дучор мешаванд, ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Сурхоб, Оқсу, Қизилсу, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақоҳ, Зарафшон, Исфара ва сойҳои калони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Шаҳристон ба ҳисоб мераванд. Дар ҷумҳурӣ 1386 километр садҳои муҳофизатӣ ва 710 селпарто бо дарозии 503 километр мавҷуд аст, ки ба ҳолати имрӯза 416 километр садҳои муҳофизатӣ ва 137 километр селпартоҳо бар асари селу обхезӣ вайрон гардидаанд.
Вакилони порлумон баъд аз баррасии тарҳ ҷиҳати татбиқи он Созишномаи маблағгузорӣ  ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ба тасвиб расонданд. Созишнома аз чор бахш  иборат буда, ҳадафи асосии он пешгирии зарари офатҳои табиат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 5187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед