logo

паёмҳо

ПАЁМИ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодӣ, шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд. Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон давраи заҳмати софдилона ба хотири пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон буд.
Чанд рӯз пештар дастовардҳое, ки мо дар зарфи соли 2017 ба онҳо муваффақ шудем, инчунин, вазифаҳо барои соли оянда дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал баррасӣ шуданд.
Имрӯз ҳамаи мо шукрона мекунем, ки бо иродаи қавии мардуми соҳибмаърифату куҳанбунёдамон дар сарзамини аҷдодиамон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ва сокинони мамлакат ба хотири ояндаи неки Ватан сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Зеро маҳз ҳамин фазои орому осудаи кишвар аст, ки дар соли 2017 низ мо тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳтар гардондани шароити рӯзгори сокинони мамлакат сафарбар намуда, дар ин самт силсилаи иқдомотро амалӣ намудем ва ният дорем, ки ин равандро босуръат идома бахшем.
Бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи хоссаи ҷавонони кишвар, ки сарнавишти ояндаи миллату давлатамон ба уҳдаи онҳо вогузор карда мешавад, соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд, ки ин иқдом боиси боз ҳам афзудани дастовардҳои ҷавонони бонангу номуси мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ гардид.
Бовар дорам, ки ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик якҷо бо мардуми ободгару ҳимматбаландамон минбаъд низ ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маърифат ва умуман, пешрафти Ватани маҳбубамон саъю талош хоҳанд кард.
Дар иртибот ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо бояд дар соли нави мелодӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои боз ҳам мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои он, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, бо дарки рисолати олии ватандорӣ содиқона заҳмат кашем, тамоми неруву имконият ва донишу таҷрибаи худро ба ободонии сарзамини муқаддасамон равона созем.
Хусусан, дар айёме, ки манфиатҷӯиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қудратҳои ҷаҳонӣ торафт шиддат пайдо карда, дар натиҷа вазъи сайёра рӯз ба рӯз мураккабу буҳронӣ шуда истодааст, ҳамаи мо вазифадорем, ки барои ҳимояи истиқлолияту озодӣ, яъне неъмати бузургтарини зиндагиамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонунияту тартибот, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва ободонии сарзамини аҷдодӣ тарбия кунем.
Тавре ки дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат изҳор доштам, мо бояд аз ҳоло омодагиро ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатиамон оғоз намоем.
Итминон дорам, ки аз рӯзҳои аввали соли нав кору фаъолияти созанда ва заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба номи мубораки истиқлоли Ватан сафарбар мегардад.
Орзумандам, ки соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаи ҳар як фарди Ватан ва азму талоши созандаи мардуми шарафмандамон амалӣ шаванд.
Бори дигар фарорасии соли нави мелодиро барои ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу оромии ҷовидона орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 9255
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед