logo

мулоқотҳо

Пазироии меҳмонон дар сатҳи олӣ

Нимаи дуюми 4 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб як  зумра меҳмонони олимақомро аз давлатҳои Афғонистон, Эрон, Русия, Ироқ, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти раҳбарии собиқ президент ва имрӯза Раиси Палатаи болоии Порлумони кишвар Сибғатулло Муҷаддадӣ баҳри иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Осори Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯйи тамаддунҳо» ташриф овардаанд, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ба хотири таҳкими амнияту субот дар минтақа ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Ҷониби Афғонистон аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам, ки бори нахуст дар таърихи дини Ислом дар чунин сатҳ ва бо чунин миқёси васеъ таҷлил мегардад, арзи сипосу шодмонӣ карданд.
Зимни сӯҳбат бо мушовири президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба умури аҳли суннат Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ масоили густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла динии ду кишвари ҳамзабон баррасӣ ёфтанд. Зикр гардид, ки ба Тоҷикистон баҳри иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Осори Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯйи тамаддунҳо» беш аз 20 нафар роҳбари донишгоҳҳо ва олимони намоёни улуми диншиносӣ аз ҷумлаи аҳли суннат ва ҳам ташайюъ ташриф овардаанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаббуси Тоҷикистонро оид ба бузургдошти олиму фақеҳи барҷаста Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит арзандаи таҳсину қадрдонӣ номида, аз имкони васеи гуфтугӯю мулоқотҳо ва сӯҳбатҳои илмие, ки дар зимни он сурат мегиранд, изҳори хушнудӣ намуданд.
Ҳайати Федератсияи Русия, ки аз 20 нафар иборат аст, ба Тоҷикистон таҳти сарварии директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин ташриф овардааст ва ба он олимони машҳуру шинохтаи улуми шарқшиносӣ ва исломшиносӣ аз минтақаҳои гуногуни ин кишвари паҳновар шомил гаштаанд.
Онҳо баргузории Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзамро майдони хуби баҳсу мунозироти илмӣ ва мусоидати фаъол ба гуфтугӯйи тамаддунҳо арзёбӣ намуда, ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми накӯ арзи сипос намуданд.
Ба гуфти муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим як худи бо ибтикори Сардори давлат роҳандозӣ шудани чунин тадбири фарохи илмию маърифатӣ боиси дар сатҳи баланд ва бисёр умедбахш баргузор гаштани он аст ва ҳамчунин боиси умедворӣ аст, ки натиҷаҳо низ муассиру таърихӣ хоҳанд буд.
 Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам наздики 20 нафар олиму сиёсатмадори баландпоя намояндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо донандагон ва арҷгузорандагони забону фарҳанги мардуми тоҷик мебошанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хамчунин бо ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки беш аз 100 миллион нафар  аҳолиаш мусулмон мебошад, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб ҳамчунин намояндагони давлатҳои Ироқ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Арабистони Саудию Амороти Муттаҳидаи Арабро хайра мақдам гуфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед