номаҳо
ЧУН МАН ФИРЕБ НАХӮРЕД
Дар ин бора наменавиштам, агар ҳодисаи номатлуб бори дувум дар як хатсайр рух намедоду муносибати ронанда ба андак меъёри одамгарӣ ҷавобгӯ мебуд. Ва ҳам дилам чун ба пули миллӣ сӯхту муносибати бархе аз шаҳрвандонро нисбат ба он номуносиб дарёфтаму беэҳтиромӣ шумурдам.
Чанд рӯз пештар дар маршруткаи хатсайри рақами 16 аз назди мағозаи «Ёвар» нишастаму то Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев омадам. Аз 10 сомонӣ ронанда 9 сомонӣ бақия дод. Дар маршруткаи хатсайри рақами 52 аз ин бақия як пули сесомониамро чун роҳкиро дароз кардам. Ронанда онро пас баргардонду гуфт, ки ин пул ду рақаму ду серия дорад. Дидам, чунин буд. Албатта, дар хиҷолат афтодам. Онро баъд дарондам. Хостам, ки ба дасти дигаре наафтаду дар ҳолати ногувор намонад. Оре, вақте маслиҳат доданд, ки «бонкамат» - ҳо ин ҳақиқатро дарнамеёбанду аз он истифода бикунам.
28 декабри соли 2017, соати 7 - у 40 дақиқа аз ҳамон ҷои зикршуда ба хатсайри рақами 16 нишастам. Бо гирифтани бақия (аз 10 сомонӣ) ба пули панҷсомона назар кардам. Он ду серияву ду рақам дошт. Яъне аз ду пул як пул сохтаанд. Вақте ки ин ҳақиқатро ба ронанда изҳор доштам, ҳамаи пулҳои бақиядодаашро аз дастам бо муомилаи бад гирифту пуламро баргардонд. Гуфтам: «Пас ҳаққи роҳкиро чӣ мешавад?". Бо ғазаб изҳор дошт: «Пулат даркор нест. Минбаъд туро дар маршруткаам савор намекунам».
Ба чӣ хулоса биёям? Ӯ медонист, ки пул ду серияву ду рақам дорад? Ва хостааст, ки ба воситаи ман манфиат бубинад? Оё он ва ин пулро, ки ҳар ду сохта буданд, ба ман ҳамин як ронанда надодааст? «Банкомат»-ҳо аз ин гуна пулҳо чӣ қадар зарар дидаанд?
Зарур шумурдам, ки ба гӯшаи дӯстдоштаам «Шаҳрванд» дар ин хусус бинависам. Албатта, ба ин умед, ки масъулон сари ин масъала ё худ қаллобкорӣ, агар ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад, меандешанду онро мусбат ҳал мекунанд.
С. ДАВЛАТЗОДА, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2018 №: 2 Мутолиа карданд: 1308