маориф
АЗ ИҶРОИ РИСОЛАТ ТО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ
Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шумори муассисаҳои таълимиест, ки хонандагони он ҳамасола чи дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва чи дар хориҷи кишвар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф мешаванд.
- Ҳамасола иштироки хонандагон дар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар соли 2017 дар олимпиадаҳо 196 нафар хонанда аз фанҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои намоёнро гирифтанд. Аз ҷумла, Муҳаммадҷони Ҷамолиддин, аз фанни география ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд, - гуфт Шоҳрух Ғаффоров директори литсей.
Маҳз кӯшишу ғайрати бевоситаи омӯзгорону устодони муассиса аст, ки имрӯз хонандагони он ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Хонандаи синфи 9 Ёсуман Исмонзода дар озмуни «Кӯдакони нобиға» (GeniusKid – 2017) – и шабакаи телевизионии «Россия -1» бо истеъдоди худ тамошобинонро мафтун намуд. Ин дастоварди ӯ боис гардид, ки аз пардохти минбаъдаи таҳсил озод карда шавад.
Тавре муовини директор оид ба таълиму тарбия Шаҳло Шарифова иброз дошт: “Ҷамъи омӯзгорони литсей 44 нафар буда, бештарашон дорои дараҷаи тахассуси олӣ мебошанд. Онҳо аз шаклу методҳои гуногун, ба монанди методҳои анъанавии таълим, методи илмӣ – тадқиқотӣ ва ҳозиразамони таълим васеъ истифода мебаранд. Дар литсей 1 нафар Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва 5 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон ифои вазифа менамоянд. Ин омӯзгорон иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои литсей ва муаллифи чандин мақолаву дастурҳои омӯзишӣ низ мебошанд.
- Дар таълимгоҳ аз аксари фанҳо, махсусан аз фанҳои дақиқ сифати дониши хонандагон санҷида мешавад. Бо хоҳиши хонандагон дарсҳои иловагӣ ташкил гардидаанд, ки барои беҳтар шудани сатҳи дониши онҳо мусоидат мекунад.
Литсей парварандаи шахсият ва такмилдиҳандаи одобу ахлоқи шоистаи насли ҷавон низ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа, ояндаи ҳар миллат ва кишвар ба шумор меравад, зеро пешрафти ҷомеаро бидуни рушди ҳамаҷонибаи илм ва таълим тасаввур кардан мушкил аст.
Қурбон АҲМАДЗОД,
Раҳматулло КАРИМОВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2018 №: 3 Мутолиа карданд: 1086