туризм
ВАРЗОБ. АВЛАВИЯТ БА САЁҲАТИ КӮҲНАВАРДӢ
Дар рӯзи аввалини Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саёҳати кӯҳнавардии шаҳрвандони кишвар ба ноҳияи Варзоб ҷараён гирифт.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Саёҳати кӯҳнавардии шаҳрвандон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Пайёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ баён доштанд, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии “Тоҷик тур” роҳандозӣ гардид.
Сайёҳӣ бахши асосии иқтисоди миллии аксар давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми паҳлуҳои ҳаёти фарҳангиро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар мамлакати мо намудҳои гуногуни сайёҳӣ рушд ёфта истодаанд, вале байни онҳо сайёҳии кӯҳсор мавқеи хос дорад.
Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ ҳангоми ташриф ба мамлакати мо бештар ба саёҳати кӯҳсор авлавият медиҳанд. Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламраваш кӯҳистон аст, табиати зебою нотакрор дорад, метавонад ин намуди сайёҳиро рушд бахшида, аз он даромади бештар ба даст орад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии ноҳияи Варзоб ҳамчун гӯшаи сайёҳии кишвар ва пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ арзёбӣ шуд.
Варзоб минтақаи истироҳатию табобатӣ, санаторию курортӣ ва сайёҳӣ шинохта шудааст. Дараи Варзоб мавзеи кӯҳии зебо буда, дар канори пойтахти кишвар ҷойгир аст. Шаршараи Ғузғар ва дарёи Сиёма беҳтарин ҷойҳои тамошобоби ноҳия эътироф шудаанд. Мавҷудияти манзараҳои ҷолиби табиат ва истироҳатгоҳҳо сайру истироҳатро боз ҳам қулайтар мегардонанд.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»Я
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2018 №: 3 Мутолиа карданд: 1356