logo

туризм

2018 - СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017)   соли 2018 - ро - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин нукта дар назди кормандони соҳа вазифаю масъулиятҳои калон гузошта, барои рушди сайёҳӣ андешидани тадбирҳои саривақтиву босамарро тақозо дорад. Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дастоварду камбудиҳои бахши сайёҳии кишварро матраҳ намуда, нақшаю вазифаҳо ва масъулияти азими кормандони соҳаро чунин шарҳ дод:
- Кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2018 - ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дилгармӣ, хушнудӣ ва ҳамовозии том истиқбол намуданд.
Маҳз дар натиҷаи талошҳои созанда ва пайгиронаи Президенти мамлакат сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат пайваста зиёд мегардад, Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад.
Айни ҳол аз ҷониби кумита дар партави нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бо назардошти фикру андешаҳои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони соҳа бо фарогирии сатҳи милливу байналмилалӣ, такмилу устувор намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, омодасозии кадрҳо ва мукаммал намудани омори бахши сайёҳӣ Нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия шуда истодааст.
 Қобили зикр аст, ки масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт мунтазам тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз андозҳо озод намудани истеҳсоли маҳсулоти хонагии ҳунармандӣ ва фурӯши онҳо тадбири навбатии ниҳоят муҳим буда, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ҳунарҳои мардумӣ эҳё гарданд.
Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, нигаронда шудааст. Бинобар ин, бо роҳандозии имтиёзи мазкур арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст шуда, қобилияти рақобатпазирии онҳо устувор мегардад.
Кумита тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузарҳо ё фурӯшгоҳҳои доимоамалкунандаи ҳунармандон, гузарҳои таомҳои миллӣ ва дигар армуғонҳоро барои сайёҳон ифтитоҳ намояд.
Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иқдоми саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва будубоши бемамониати сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Иқдоми мазкурро ширкатҳои сайёҳӣ бо хушнудӣ пазируфтанд ва дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ нақшаи фаъолияти худро омода сохта истодаанд.   
 Боиси қайд аст, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар мамлакат иншооти муосири сайёҳӣ, ба монанди Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-Дара”, истироҳатгоҳҳои “Пули сангин”, “Баҳористон”, маҷмааи “СПА Ҳаёт”, меҳмонхонаҳои панҷситорадори бренди ҷаҳонӣ бунёд гардида, як қатор инфрасохтори соҳа таҷдид шуданд.
Имтиёзҳои андозию гумрукие, ки Пешвои миллат дар Паёми худ аз 22 декабри соли 2016 пешниҳод намуда буданд, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа зиёд гардонданд. Кумита тасмим гирифтааст, ки дар ин самт якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бунёди меҳмонхонаҳо, иншооти сарироҳӣ, осоишгоҳҳо, комплексҳо, маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла, бо мақсади беҳсозии хизматрасонии нақлиёт ба меҳмонони дохилию хориҷӣ, тибқи қарори ҷаласаи якуми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сайёҳӣ (19 августи соли 2017) дар бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нуқтаи хизматрасонии таксии “Эйшн Экспресс” ба фаъолият шурӯъ намуда, чунин нуқта аз ҷониби “Рахш такси” низ вақтҳои наздик ташкил мешавад.
Яке аз дастовардҳои асосии соҳа ин таъсиси мақоми алоҳида дар бахши сайёҳӣ мебошад. Ғайр аз ин, бо мақсади баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, бори нахуст ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии Ҷопон, Фаронса, Олмон, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (шаҳри Лос - Анҷелеси ИМА) ва дигар чорабиниҳои байналмилалии муҳим иштироки фаъол доштанд.
Аз ҷониби кумита портали миллии сайёҳии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуд. Минбаъд он ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ низ тарҷума мешавад. Портал ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод шуда, тавассути он ба 158 давлати узви пайваста ва 509 ассотсиатсияву Созмони байналмилалии узви вобастаи он муаррифӣ гашт ва ба ин васила бори нахуст соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид шуд.
Яке аз масъалаҳои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ин муаррифии имконоти сайёҳии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ширкатҳои сайёҳӣ аз иқтидори сайёҳии мамлакат ба таври кофӣ огоҳ нестанд. Бо мақсади муаррифӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ кормандони кумита ва ширкатҳои сайёҳии шаҳру  ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, Маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафед-Дараи ноҳияи Варзоб, мавзеъҳои Ромиту Канаски шаҳри Ваҳдат боздид намуданд. Дар натиҷа беш аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия гардид.
Қобили тазаккур аст, ки ширкатҳо дар самти сайёҳпазироӣ дар танҳоӣ фаъолият карда наметавонанд. Зарур аст, ки бо меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо, мағозаҳои фурӯши армуғон, ширкатҳои нақлиётӣ ва дигар ҷонибҳо ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ шаванд. Аз ин лиҳоз, муколама ва ҳамкориҳои созандаи давлат бо бахши хусусӣ дар ҳоли густариш қарор дошта, барои фаъолияти ширкатҳо дар самти воридгардии сайёҳон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
 Муҳимтар аз ин, барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 таҳия шуда, татбиқи он оғоз меёбад. Дар доираи барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, содагардонии расмиёти дастрасии иҷозатнома барои оғози фаъолияти сайёҳӣ, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва дигар мақомоти ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, тақвияти фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ, беҳгардонии сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншоот, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин, тарбияи мутахассисони бахши сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Тибқи барнома, имсол ба рушди сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию рекреатсионӣ ва кӯҳнавардиву шикор диққати асосӣ дода хоҳад шуд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ ва сатҳи беҳзистии мардум тамоми неру ва имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2018    №: 4    Мутолиа карданд: 2711
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед