logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009   «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2009,  №3, мод.85) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати понздаҳуми моддаи 2 калимаҳои «ба таъминкунандаи иттилоот барои пешниҳод кардани иттилоот ба Бюрои таърихи қарз ё» ба калимаҳои «дар хусуси» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Сархати якуми моддаи 5 хориҷ карда шавад.
4.  Дар моддаи 7:
-  матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, cархати якуми он хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз қабул менамояд:
-  оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз;
-  оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз;
- оид ба тартиб, мӯҳлат ва ҳаҷми иттилооту  маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.».
5. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« - аз таъминкунандагони иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз бе ризоияти субъекти таърихи қарз маълумот гирад;».
6. Сархати якуми қисми 2 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« -  субъекти таърихи қарзро ба таври хаттӣ оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз огоҳ намоянд;».
7.  Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 19 хориҷ карда шуда, дар сархати чорум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
8. Сархати якуми моддаи 21 хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 22:
-  аз  қисми 1 калимаҳои «бо розигии субъекти таърихи қарз» ва «бо ризоияти субъекти таърихи қарз» хориҷ карда шаванд;
-  дар қисми 5 калимаи «Ризоиятномаи» ба калимаҳои «Огоҳиномаи хаттии»  ва калимаҳои «дар бораи худ» ба калимаҳои «дар бораи онҳо» иваз карда  шаванд.
10. Дар моддаи 24:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Огоҳиномаи субъекти таърихи қарз дар бораи ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилооти марбут ба ӯ ва ризоияти ӯ ба додани ҳисоботи қарз ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз тариқи хаттӣ ба  расмият дароварда мешавад.»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3.  Барои набудани огоҳиномаи субъекти таърихи қарз оид ба он, ки  дар борааш маълумот ба Бюрои таърихи қарз барои ташаккули таърихи қарз пешниҳод карда  мешавад ё ризоияти ӯ барои додани ҳисоботи қарз, ҳамчунин барои нодуруст ба расмият даровардани он таъминкунандагони иттилоот,  истифодабарандагони ҳисоботи қарз ё шахсони масъули онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.».
11. Аз қисми 1 моддаи 25 калимаҳои «ва тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз» хориҷ карда шаванд.
12.  Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 26 калимаҳои «гирифтани ризоияти ҳатмии» ба калимаҳои «огоҳиномаи хаттии ҳатмии пешакии» ва калимаҳои «дар бораи худ» ба калимаҳои «дар бораи ӯ» иваз карда шаванд.
13.  Қисми 7 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7.  Ҳисоботи қарз ба мақоми ваколатдор дар асоси дархости ӯ, ба суд дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ - мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташонбуда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) пешниҳод мешавад.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас  аз  интишори  расмӣ  мавриди  амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1501

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи таърихи қарз (кредит)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 906

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 484


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 1364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед