logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисмҳои якум, дуюм ва чоруми моддаи 6 калимаи «фурӯшад» ба калимаи «диҳад» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 7 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад.».
4. Дар моддаи 9:
- дар қисми дуюм калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад;
- ба сархати ҳаштуми қисми сеюм баъд аз калимаҳои «(суроғаи ҳуқуқӣ)» калимаҳои «, рақами телефон» илова карда шаванд;
- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандишуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ бошад.».
5. Дар қисми сеюми моддаи 10 калимаҳои «, суроғаи ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «(суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон» иваз карда шаванд.
6. Қисми якуми моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад.».
7. Дар номи бобҳои 3 ва 4 калимаи «ҲИФЗИ» ба калимаи «ҲИМОЯИ» иваз карда шавад.
8. Сархати сеюми қисми даҳуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор ва зарар ҷуброн карда шавад.».
9. Дар моддаи 39:
- ба сархати дуюми қисми якум баъди калимаҳои «бартараф намудани» калимаҳои «риоя накардани» илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «баҷо меоварад» ба калимаҳои «иҷро менамояд» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 391 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 391. Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад
Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1498

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2017, № 882

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 481


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 1405
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед