қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонуни конститутсионӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
2. Дар муқаддима, номи бобҳои 2, 3, 4, 5, моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6, 8, 9, 10, 11, 12, 14, 18, 19, 22, 23, 25 ва 26 калимаҳои «МАРЗИВУ МАЪМУРӢ», «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмуриро», «марзиву маъмурии» ва «марзиву маъмурие» ба калимаҳои «МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ», «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудиро», «маъмурию ҳудудии» ва «маъмурию ҳудудие» иваз карда шаванд.
3. Ба матни моддаи 1 пас аз калимаи «Қонуни» калимаи «конститутсионии» илова карда шавад.
4. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «вазъи ҳуқуқии» ба калимаи «мақоми» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаи «мамнӯъгоҳҳо» ба калимаи «мамнуъгоҳҳо» иваз карда шавад.
7. Дар номи моддаи 8 ва қисми 4 моддаи 23 калимаҳои «марзӣ» ва «марзи» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудӣ» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
8. Сархати якуми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- таъсис, тағйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд;».
9. Дар матни моддаи 12 калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад.
10. Дар ном, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 2, сархатҳои чорум ва панҷуми банди 3, сархати шашуми банди 4, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 5, сархатҳои дуюм ва чоруми банди 6, сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми банди 7, сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми банди 8, сархати ҳафтуми банди 9, сархатҳои чорум, шашум ва ҳаштуми банди 10 ва ном, сархатҳои сеюми зербандҳои сеюм ва чоруми банди 11 замима ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмурие», «ҷамоати» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудие», «Ҷамоати» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1492
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 октябри соли 2017, № 929
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 473
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.01.2018 №: 5-6 Мутолиа карданд: 1585